Поиск
Главная / Все города / Все категории
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг”
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг”
Бо мақсади мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон даҳаи сеюми моҳи январ дар вилоят озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад. Тавре аз кумитаи тадорукоти озмун иттилоъ доданд, ​ даври якуми озмун дар шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ба ғолибон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳар минтақаи вилоят коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шудааст ва яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ карда мешавад. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


Eye116 Comment1 Like0
Город:Худжанд
Дата:22.01.2020
Телефон:992 3422 4-02-44, 992 3422 4-35-19
E-mail:info@sugd.tj
Web-site:http://sugd.tj/index.php/tj/navidisugd/elonho/13635-ozmun
Адрес:ш.Хуҷанд, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хиёбони Р.Набиев, 45



Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Авторизуйтесь
User_photo
Gholibjon, 23.01.2020, 08:19

s